Саломзода Сиҷоуддин: Миллати тоҷик бо номи шумо то абад ифтихор мекунад!

Рӯзи 8-уми май, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ва Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон ба 3 нафар аз иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ, ки дар шаҳр умр ба сар мебаранд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар кӯмакпулӣ тақдим карданд.

Саломзода Сиҷоуддин ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузори ба хизматҳои анҷомдодаи иштирокчиёни ин ҷанг ба ҳаркадом аз онҳо кумакпулӣ ва гулдаста тақдим карда минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва худро барои хизматҳои арзанда баҳри ҳифзи ватан ва нишон додани ҷасорат, матонату қаҳрамонӣ ба онҳо расонид.

Зимни аёдат аз Зайнулло Алиев, Откин Дмитрий, Сафаралӣ Файзалиев, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ, ки сину соли ҳаркадом аз 100 сол боло аст суҳбати самимӣ анҷом доданд. Аз аксҳои хотиравии онҳо дидан карда оид ба лаҳзаҳои хотирмони дар акс тасвирёфта қиссаҳои ҷолибу хотирмон карданд. Дар идомаи суҳбат раиси шаҳр изҳор дошт, ки «Миллати тоҷик бо шумо ифтихор мекунад. Ҳама хизматҳои шумо, ки баҳри осоиштагии Ватан анҷом шудааст аз хотираҳои ҳеҷ як нафар аз миллати тоҷик зудуда намегардад. Ҷонфидоиҳои шумо ҷасорати нишондодаи шумо номи шумо бо ҳарфҳои заррин ҳамчун қаҳрамон ва шахси нексиришту ватандӯст дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд»-, гуфт раиси шаҳр.

 

You may also like...