Диловарии фарзандони тоҷик дар ҳарду арса намунаи садоқат ба ватан аст

Субҳи 8 майи соли равон дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар ба номи Раҳмон Мурчаев ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 76-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ барпо гардид.

Дар ин ҷамъомад Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, муовинону роҳбарони дастгоҳи раисони вилояту шаҳр, роҳбарони идораю ташкилотҳои вилоятию шаҳрӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.

Нахуст, маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи “Аскари номаълум” доир шуд, ки раисони вилояту шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, шаҳрвандон ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузошта, лаҳзаи хомӯши эълон намуданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ Қурбон Ҳакимзода меҳтарони ҷангу ақибгоҳ ва дар симои онҳо тамоми сокинони Хатлонро ба муносибати Рӯзи ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона таҳният гуфт.

“Солҳо мегузаранд, аммо хотираҳо аз Ҷанги бузурги ватанӣ дар ёди иштирокчиён ва тамоми мардуми сулҳхоҳ боқӣ мемонад”, – қайд кард раиси вилоят. – “Дар он солҳо баробари халқияту миллатҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонписарони тоҷик низ зидди душмани аҳриманӣ дар майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки ватани ягонаро аз душман ҳифз намуданд ва барои насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик қаҳрамонию корномаи бузурги дар ақибгоҳ будагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат карда, ғалабаро наздик оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҳарду арса барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад”.

Раиси вилоят афзуд, ки дар замони пойдории Истиқлолияти давлатии кишвар таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт, ҳамасола, кумакҳо расонида шуда, баҳри беҳдошти зиндагии ин қишри ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки 254 сокини шаҳри Бохтар барои торумор намудани фашизм дар Ҷанги бузурги ватанӣ сафарбар гардида, аз миёни онҳо 2 нафарашон ба унвони оли Каҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гаштаанд.

 

You may also like...