Саломзода Сиҷоуддин: “Қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик боиси ибрат аст!”

Рӯзи, 6-уми май дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати 76-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ бо иштироки Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳр, Суҳроб Қосимов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, Игор Лякин-Фролов, сафири махсуси Россиядар Тоҷикистон, ва дигар меҳмонону собиқадорон чорабинии идона баргузор шуд.

Сараввал Саломзода Сиҷоуддин суханронӣ карда, аз қаҳрамониҳои миллати тоҷик ва миллату халқиятҳои ба мо дӯсту бародар дар Ҷанги бузурги ватанӣ бар муқобили фашизм ёдоварӣ карда, каҳрамонии фарзонафарзандони миллати тоҷикро, ки дар он набардҳо ҷони худро фидо карданд, фаромӯшнашаванда ва ибратбахши ҷавонони кишвар номид. Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Бохтар ба меҳмонон саҳнаҳои театрикунонидашудаи оғози Ҷанги бузургӣ ватанӣ ва ҳамлаҳои Германияи фашистро ба собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба намоиш гузоштанд. Инчунин, сурудҳое, ки дар айёми Ҷанги бузурги ватанӣ рӯҳияи аскаронро болида ва ҳисси ватанхоҳии онҳоро бедор месохт, аз ҷониби санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят ва хонандагони муассисаи болозикр зинда садо дод, ки таъсирбахшу хотирмон буд.

Дар охири чорабинӣ Саломзода Сиҷоуддин ва Игор Лякин-Фролов, сафири махсуси Россиядар Тоҷикистон, тамоми собиқадорону меҳмонон ва аҳли фарҳанги шаҳру вилоятро барои ташкили намоишҳои тасхиркунандаю дилчасп изҳори сипос намуданд.

You may also like...