Қабули шаҳрвандон

Санаи 24 – уми апрели соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қабули шаҳрвандон бо иштироки Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва 8 нафар шаҳвандони шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ба арзу матлабҳои шаҳрвандон, ки марбут ба масъалаҳои, имтиёзҳои камбизоатӣ, кӯмаки молиявӣ буданд, гўш дода барои баррасӣ ва расидагӣ ба дархостҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

You may also like...