Зафар Нуралиев бо медали барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҲФ ва МГ мукофотонида шуд.

Санаи 26 – уми апрели соли 2021 Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар бо Сулаймон Исозода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табрики Зафар Нуралиев, донишҷӯӣ Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Бояд қайд намуд, ки санаи 19-уми апрели соли ҷорӣ, дар боғи 70 – солагии водии Вахши шаҳри Бохтар зимни баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб 2021», Сафарова Шабнам бо сабабҳои номаълум дар оби дарёи «Ҷайҳун» афтида ғарқ мегардад. Дар ин ҳолат Зафар Нуралиев, донишҷӯи бахши сеюми факултети Электромеханикаи Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, барои наҷот додани Шабнам Сафарова ҷони хешро дар хатар гузошта дар пайи кушишҳои чандинкарата ва заҳмати зиёд ин ҷавони инсондусту худшинос Шабнамро аз об берун намуда ҷони онро аз марг наҷот медиҳад.

Тазаккур бояд дод, ки Зафар Нуралиев бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 99 аз 24 апрели соли 2021 бо медали барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҲФ ва МГ мукофотонида шуд.

You may also like...