Даври мактабии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар мактаби №9-и ш.Бохтар ҷамъбаст шуд.
Боиси зикр аст, ки иштирокчиёни озмун хонандагони синфҳои аз 2 то 9 буда 80 нафар аз рӯйи ду наминатсия «Адабиёти муосир» ва «Адабиёти бачагона», иштирок карда 12 нафари он ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар толори фарҳангии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№9-и шаҳри Бохтар аз санаи 10-уми апрели соли 2021 оғоз ёфта то санаи 20-уми апрели соли 2021 идома ёфт. Дар ин муддат 80 нафар хонандагони муассисаи болозикр ширкат намуда тамоми малакаю маҳорати доногии худро ба ҳайати ҳакамон нишон доданд. Рӯзи 30-юми апрел даври ҷамъбастии озмун баргузор гардида аз теъдоди иштироккунандагон 12 нафар беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд. Ғолибони ин давр ва омӯзгорон, ки хонандагонро дар ин ҷода бе восита омӯзиш дода заҳмати арзандаи таҳсин мекашанд аз ҷониби маъмурияти муассиса бо ифтихорномаи муассиса қадрдонӣ гардиданд. Мақсад аз баргузор намудани озмунро Муродалӣ Назарзода, директори муассиса дар дарёфти чеҳраҳои нави дӯстдори китоб бо ин васила ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ, ҳамзамон даъвати мардуми кишвар ба китобдорию китобхонӣ, воло донистани арзишҳои миллӣ, бедор сохтани ҳуввияти миллӣ дар замири ҳам хонандагон ва мардуми кишвар арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ғолибони даври шаҳриро бо маблағҳои муайян қадрдонӣ менамоянд.