ЗАҲМАТИ ПАХТАЧИНОНИ БОХТАРӢ ҚАДР КАРДА ШУД
21-уми октябри соли 2020, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар пояи теппаи Қӯрғон ба хотири ҷамъбасти даҳрӯзаи аввали мусобиқаи вилоятии “10 рӯзи меҳнати зарбдор” ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди вилоят иштирок доштанд.
Сараввал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз иштирокдорон барои фаъол буданашон дар озмун изҳори сипос намуда, ғолибони даҳаи аввалро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Чунончи маълум гардид, пахтакорони ноҳияи Данғара пешсаф буда, соҳиби сипоснома ва 15 ҳазор сомонӣ, шаҳри Левакант дар зинаи дувум бо сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Бохтар дар мақоми сеюм бо сипоснома ва 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру навоҳии вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки пахтакорони вилоят имсол кишти пунбадонаро барзиёд иҷро карданд, ки ин боиси рушди соҳа гардида истодааст.
Ҳамзамон, аз кам будани арзиши пахта дар баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори норозигӣ намуда, ба масъулини дахлдор достур дод, то роҳҳи ҳалли ин мушкилро пайдо карда, дар баробари ин ҳавасмандгардонии чинакчиёнро ҳам ба назар бигиранд.
“Замони он расидааст, ки ба хотири сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кормандони тамоми идораю ташкилотҳо саҳми арзишманди худро гузоранд”, – иброз дошт раиси вилоят.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Озар Салим, шоири маҳбуб Амиршои Хатлонӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи деҳқонон шеърҳои тараннумгари ватан ва ваҳдати миллӣ қироат карда шуд.