Субҳи имрӯз, 15 октябри соли 2020 дар
толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, Қурбонзода Бег Хол, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр, раисони маҳаллаҳо ва соҳибкорони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.
Нахуст Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳр, маҷлисро кушода, ба кормандону фаъолони шаҳр баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ ва маъракаҳои сиёсӣ изҳори сипос намуда, суханро ба Сайфиддини Исмоил, муовини раиси шаҳр дод.
Сайфиддини Исмоил вобаста ба самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сохтмону кишоварзӣ дар назди ҳозирин маърӯза намуда, иброз дошт, ки сокинон аз тамоми имконот истифода намуда, шаҳри Бохтарро ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омода намуда истодаанд.
Раиси шаҳр пас аз суханронии Сайфиддини Исмоил вобаста ба паст будани ҳосилнокии зироатҳо ва суст роҳандозӣ гардидани кишти такрорӣ эродҳо гирифта, ба масъулин дастур дод, ки аз имрӯз сар карда нақша-чорабиниҳо тартиб диҳанд, то соли оянда аз чунин камбудиҳо пешгирӣ карда шавад.
Сипас, Зуҳро Палвонова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар аз натиҷаи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаҳои таълимӣ ҳисобот дод.
Ҳамин тавр, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минбар баромада, ҳозиринро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти кишвар интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, изҳори умед кард, ки мардуми шаҳр минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, дар гулгулшукуфии мамлакат саҳми бориз мегузоранд.
Дар охир аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин фаъолони шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалатии шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуд.