Дастгоҳи раиси шаҳр
*ДАВЛАТЗОДА Наҷмиддин Сайфиддин
Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
*26 феврали соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
*Миллаташ тоҷик
*Таҳсилоташ олӣ
*Соли 1993 яке аз донишҷӯёни фаъоли Университети давлатии педагогӣ ба номи Қ.Ҷӯраев таҳсили илм кардааст ва соли 2005 Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
*Донандаи забонҳои хориҷӣ мебошад- русӣ, англисӣ (бо луғат)
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1998-2002 Муҳандиси техникаи бехатарии участкаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2002-2003- Иқтисодчии корхонаи хӯрокаи умумии ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Соли 2004 (01-19) Мутахассиси Шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2004-2008 Сармутахассис оиди кор бо мактубҳо ва муроҷиати шаҳрвандони Шуъбаи ҳуқуқи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2008-2009 Мутахассиси Шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2009-2014 Сармутахассиси Шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2014-2015 Сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2015- 2019 Сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2019- 2020 Сардори Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз 5 феврали соли 2020 то 1 апрели соли 2020 Муовини сардори Раёсати молия ва таъмини ҳуқуқи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз 1 апрели соли 2020 то ин ҷониб Роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолияти назаррас нишон дода истодааст.
There is currently no content classified with this term.