Тарҷумаи ҳол

Саломзода Сиҷоуддин раиси шаҳри Бохтар

Саломзода Сиҷоуддин 2 –юми  июни соли 1965 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.  Соли 1989 Институти 84438344_1002302786817205_358031334242779136_n_2.jpgполитехники Тошкент ба номи Абурайҳон Беруниро (рӯзона)  бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар буда, сазовори Ордени Шараф дараҷаи 2 мебошад. Солҳои 1982-1983 - донишҷӯи Институти политехникии Тошкент ба номи Абдурайҳон Берунӣ, шаҳри Тошкент буд. Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Украина, шаҳри Макаров адои хизмат кардааст. Солҳои 1986 - 1989 - донишҷӯи Институти политехникии Тошкент ба номи Абдурайҳон Берунии шаҳри Тошкент буд. Донандаи забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ мебошад. 

Фаъолияти корӣ:

Солҳои 1981-1982- Коргари совхози «ХII партсъезд», ноҳияи Данғара

Солҳои 1989-1994- Оператор-геофизик, сардори отряди сейсморазведка, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷеникидзеобод

Солҳои 1994-1995- Сардори минтақаи сохтмони иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб

Солҳои 1995-2003- Таъминотӣ, сардори сехи электрики конструксияи оҳанубетонии №8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд

Солҳои 2003-2004- Нозири кӯҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2006- Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НБО-и Роғун, шаҳри Роғун

Солҳои 2006-2011- Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат васоҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2013- Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун»

Солҳои 2013-2015- Сардори Хадомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Аз моҳи апрели соли 2015 дар вазифаи раиси шаҳри Турсунзода кор ва фаъолият кардааст.

Солҳои 2018 то  2020 раиси шаҳри Исфара фаъолияти назаррас кардааст.  Соли 2020 то интиҷониб раиси шахри Бохтари вилояти Хатлон кор карда истодааст.

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.