20 январи соли 2018 мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ,
Бо мақсади бартараф кардани камбудиву норасогӣ ва иҷрои супоришҳои раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, баҳри ҳалли масъалаҳои мавҷуда кор бурда истодаанд.
Дар назди мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои омодагии чиддӣ дидан ба чашни байналмилалии «Наврӯз» гуруҳи корӣ ташкил ёфт. Гуруҳи кории мазкур бо роҳбарии раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим фаъолияти худро шуруъ кард, ки аъзоён аз намояндагони мақомоти пракратура, корҳои дохилӣ ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳр иборатанд.
Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасмим дорад, ки ояндаи наздик ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаҳои мазкур 22 январ зимни баргузории ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.
Ёдовар мегардем, ки ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассиса, корхона, раисони маҳалла, имомхатибон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр гузаронида мешавад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи Б. Ғафуров №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.