Кӯмакҳои хайрхоҳона: «ХОНАИ ПИРОНСОЛОН – ХОНАИ МОСТ»

   Хонаи пиронсолон – хонаи мо низ ҳаст гуфт, роҳбари филиали ЛОТО дар шаҳри Бохтар Солиев Салоҳиддин. Аз ин лиҳоз пайваста кӯшиш мекунем, ки мувофиқи имконият ба ин хона мо кӯмаки худро дар шаклҳои гуногун расонем. Имрӯз низ тасмим гирифтем, ки ба Хонаи пиронсолони шаҳрамон маводи хӯрока кӯмак кунем. Кӯмак кардан ба ашхоси дастнигар аз фазилатҳои неки инсонист ва анъанаи тоҷиконаи мост.

Миёна: 1 (1 овоз)

Чорабинӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар қисми ҳарбии 07017 бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор намуданд.

Миёна: 5 (2 votes)

«СУБҲРО БО ТАМРИН ОҒОЗ МЕБАХШЕМ»

Дар шаҳри Бохтар ҳар ҳафта субҳи шанбе наврасону ҷавонон ва калонсолон ба варзиш машғул мешаванд. Дар баргузории чорабинии варзишии мазкур бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр нақши калон дорад. Тавонистаст, ки ҷавонони сокинони шаҳрро ба варзиш ҷалб намояд.

Миёна: 5 (2 votes)

«Ҷамбасти ватанпарвар»

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни «Ватанпарвар» бо мақсади баланд бардоштани донишу маҳорат, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии наврасону ҷавонон, омода намудани ҷавонон барои адо хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.  Озмуни мазкур бахшида ба 25-солагии қушунҳои сарҳадӣ гузаронида шуд.

Миёна: 4 (4 votes)

Омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Наврӯзи соли 2018 дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад. Дар баргузории наврӯзи байналмилалии имсола иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа масъулин вобаста гардида, ҳамарӯза кор бурда истодаанд.

Миёна: 4.8 (4 votes)

«Ситод оид ба омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ»

Ситод оид ба омодагӣ ба ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз, муовинон, дастгоҳ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок доштанд. Дар ситоди мазкур нақша-чорабинии омодагӣ ба ҷашни номбурда мавриди муҳокима ва вазифагузорӣ қарор гирифт. Мувофиқи нақша ҳамаи ташкилоту муассиса, соҳаҳо дар баргузории чорабинии бошукуҳи Наврӯз вобаста гардида, наздашон вазифаву уҳдадориҳо гузошта шудааст.

Миёна: 5 (3 votes)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.