Бо супориши раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим гуруҳи назоратӣ барои санҷиш ва назорати шиору овеза, навиштаҷоти тарғиботии ташкилоту муассиса, корхона ва марказҳои хизматрасониву хонаҳои баландошёна ташкил гардидааст.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази ҷавонони шаҳр бахшида ба «Рӯзи Модар» дар хонаи пиронсолони шаҳр чорабинии идона ташкил гардида, занони пиронсолро ба ин рӯз табрик карданд.
Дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар «Рӯзи Модар» бо шукуҳу шаҳомати хоса, қадрдонии занон - модарони пешсафи шаҳр, васфу ситоиши ин олиҳаи зебову нотакрор, суруду тарона, суханони ҳикматбор ва шодиву нишоти беандоза таҷлил гардид.
Баргузории наврӯзи байналмилалии соли 2018 дар шаҳри Бохтар дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз имрӯз дар шаҳр ҳамарӯза масъулон ва сокинон ба тозагиву ободонӣ пардохтаанд. Мувофиқ ба маълумоти бадастомада дар шаҳр 11 иншооти ҷашни буда, имрӯз дар иншоотҳои мазкур кор ба таври ҳашар ва шабонарӯз ба роҳ монда шудааст.
Дар толори муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар вохӯрии раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, прокурори шаҳр Сафарзода Баҳридин, сардори шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Бохтар Исозода Неъматулло, намояндагони прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо раисони маҳала, раисони хонаҳои баландошёна ва сокинон баргузор гардид.
Кормандони Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, кӯшиш доранд, ки вазифаву уҳдадориҳои хешро мувофиқи матлаб иҷро намоянд. Ин аст, ки то ба имрӯз дар самти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва вазифаву уҳдадориҳои корӣ аз тарафи кормандони Раёсат ягон мушкилӣ ба бор наомадааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи Б. Ғафуров №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.