Дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

Миёна: 1 (1 овоз)

«ЭМИН МОНДАН АЗ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ»

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гуруҳҳои терористиву экстреристӣ ва ифротӣ бо сокинони шаҳр вохуриҳои иттилоотӣ- фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Гуруҳи кории тарғиботии мазкур дар масчидҳо бо сокинон вохурӣ гузаронида истодааст.

Миёна: 1 (1 овоз)

«ҚӮРҒОНТЕППА - ШАҲРИ САЙЁҲИ»

ҚӮРҒОНТЕППА - яке аз шаҳрҳои зебо ва маркази яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон мебошад. Албатта, ин шаҳр таърихи худро доро аст ва дар рушду пешрафташ шахсиятҳои зиёде саҳмгузоранду фарзандони зиёди номдори кишвар маҳз дар ин ҷо фаъолияти кории худро шуруъ намудаанд.

Миёна: 3 (2 votes)

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН: Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим

Ёдовар мегардем, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

    Ин навбат дар қабули шаҳрвандон 5 нафар сокинони шаҳр арзу шикоят ва мурочиатҳои худро ба раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим расониданд.

Миёна: 1 (1 овоз)

“ҚӮРҒОНТЕППАРО ЗЕБОТАР МЕКУНЕМ”

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯз то рӯз дар гӯшаву канори мамлакат пешрафту шукуфои ва ободонӣ ба чашм мерасад. Қӯрғонтеппа, ки маркази яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ Хатлони бостон мебошад, сол то сол ободтару зеботар ва диданитар мегардад. Нисбат ба 10 сол қабл ин шаҳри чароғону гулгулшукуфон зеботар ба чашм мерасад. Чун баргузории Наврӯзи байналмилалии имсола дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба нақша гирифта шудааст.

Миёна: 3 (2 votes)

«ПАЁМ – ҒАМХОРИИ НАВБАТӢ»

Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардуми аз 1 январи соли 2018 фуруши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад, гуфт – Содиқ Шоҳназар роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз Паём дар вохӯрии ниҳоии гуруҳие, ки дар муассисаи таълимии хонандагони болақати шаҳри Қӯрғонтеппа бо сокинони шаҳр аз касбу кори гуногун баргузор намуданд.  Иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати ми

Миёна: 1 (1 овоз)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.