КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ

    Дар тарабхонаи «Дунё хавс»-и шаҳри Бохтар чорабинии хайриявӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарияти тарабхонаи мазкур барои маъюбон ва ятимон баргузор гардид.

Ҳеҷ овозе нест

ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Дар шаҳри Бохтар пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегардад. Ин навбат мусобиқа варзишии гуштини миллӣ дар толори муассисаи таълимии №12 бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонон баргузор карда шуд. Ин ҳама баҳри солимӣ ва ҷалб ба варзиш, дур кардани ҷавонон аз беҳудагардист. Чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Бохтар идома доранд.

Миёна: 5 (1 овоз)

КӮМАК БА ЯТИМОН

   Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар доиман дар дастгирӣ ва кӯмаки ятимону барҷомондагон, маъюбон аз имкониятҳои мавҷуда бо хубӣ истифода мекунад. Пайваста ба ашхоси ниёзманд дасти мадад дароз мегардад. Ин аст, ки бо дастури раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ба ятимони кулл дар Амонатбонк суратҳисоби махсус кушода шудааст.

Ҳеҷ овозе нест

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР МАҲАЛЛАИ «ҒАЙРАТ»

        Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар оид ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста ин навбат дар маҳаллаи «Ғайрат» вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрии мазкур раиси маҳалла, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва фаъолон иштирок доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

НАТИҶАИ ҶАМБАСТИ ТАРАҚИЁТИ СОҲАҲОИ МУХТАЛИФИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ШАҲРИ БОХТАР ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ НУҲ МОҲАИ СОЛИ 2018.

Имрӯз ҷамбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Бохтар дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид. Дар он раиси кумитаи рушди маҳали назди Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед, дастгоҳ ва муовинони раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳалла, имомхатибон иштирок доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

ОЗМУНИ «НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

   Имрӯз дар назди Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар бахшида ба соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «намоиши ҳунарҳои мардумӣ» миёни маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар намоиши мазкур ҳунарҳои мардумии халқ ва маҳалҳои гуногуни Тоҷикистонро нишон доданд. Ҳар як маҳалла либосҳои гуногуни миллӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва хӯрокҳои миллиро дар сатҳи баланд пешкаш карданд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.