ТИННАТИ  АСЛБОХТАГИИ “ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ” ​​​​​​​(Ё ЧАРО ТААССУБГАРОӢ ҶУЗЪИ ИДЕОЛОГИЯИ ИСЛОМӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ГАШТААСТ?)

Ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди табдили арзишҳои миқдорӣ ба иқтидори сифатӣ бо доман задан ба  зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ки дар кишварҳои ғарб бинобар “таҳаммулапазирӣ”-и бериёи ҳомиёни ба ном “ҳуқуқи башар”,  ҷойу макон ва луқма ноне аз қути лоямут пайдо кардаанд, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ –таъсиси “Паймони зиддимиллӣ” ба вуҷуд овардаанд.

Лағзишҳои интеллигенсия

Ҳеҷ овозе нест

ПОСУХ БА КАБИРӢ: ХОИНРО КАСЕ НАМЕПАЗИРАД!

         Расонаҳои ҳангомасози Ҷумҳурии охундии Эрон рӯзҳои охир талош доранд, ки аз тариқи мусоҳибаву суҳбат ва мақолаҳои бофтаву бардурӯғ вазъияти кунунии кишвари азизамон – Тоҷикистон ва равандҳои сиёсии онро ғайридемократӣ муаррифӣ намуда, амалҳои террористию зиддибашарии саркардагони ҳизби наҳзатро «пок» нишон диҳанд. Аз ҷумла, ин рисолати дурӯғпароканиро аз ҳама бештар бунгоҳи хабарии «Тасним», ки мутааллиқ ба пойгоҳи истихбороти Эрон аст иҷро намуда, хилофи принсипҳои рӯзноманигорӣ ва аркони журнализм ҳақиқати таърихиро дидаву дониста таҳриф мекунад.

Ҳеҷ овозе нест

Олудагиҳои ахлоқӣ дар таҳлили «раҳбар»-и фирории ТТЭ ҲНИ

 

«Кабирӣ» 03-юми ноябри соли 2018 ба хабаргузории «Тасним» мусоҳиба додааст, ки дар он бо равонпарешии хоси рафтори ӯ дар бораи воқеаҳои 04-и сентябри соли 2018 фарзияпартобӣ кардааст. Таҳлили касбӣ дар ин робита нишон медиҳад, ки афсурдагии рӯҳӣ дар ғурбат то ҷое ботилмуаллифи наҳзатиро фаро гирифтааст, ки ӯ сафедро аз сиёҳ ҷудо накарда, номи шахсиятҳои шарифро ношуста даҳон ба забон овардааст.

Гуфтаҳои «кабирӣ»-ро, ки бо доштани чунин ном, хурднамоӣ ва тавтеаҷӯйӣ мекунад,  як ба як бо такя ба иттилооти дақиқ рад  мекунем:

Ҳеҷ овозе нест

ДАСТУР БАРОИ ТАҶЛИЛИ ШОИСТАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар ҷаласаи назоратӣ ба муовинони худ, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо дастуру супориш дод. Гуфта шуд, ки барои таҷлили сазовори ҷашни мазкур аз имкониятҳои мавҷуда бояд мувофиқи матлаб истифода кард.

Ҳеҷ овозе нест

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳеҷ овозе нест

ФЕСТИВАЛИ РАССОМОНИ НАВРАС:"ХУШБАХТИИ ТОШКАНТ"

Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар фестивали байналмилалии расмҳои бачагона таҳти унвони «Хушбахтии Тошкант» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати фарҳанги вилоят, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва рассомони наврас иштирок доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.