Имрӯзҳо дар даромадгоҳҳои шаҳри Бохтар ҳашари умумӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо раисони маҳала ва сокинони шаҳр иштирок намуда, ба тозаву озода намудани ду тарафи роҳҳои даромадгоҳҳои маркази вилояти Хатлон машғул мебошанд.
Хусусан дар маҳалаи «Ҳаёти нав», ки даромадгоҳи асосии шаҳри Бохтар мебошад имрӯз аз субҳи барвақт сокинон ва раисони маҳалаҳоро дидан мумкин буд, ки ба тозаву озода кардан иду тарафи роҳ ва сафед кардани дарахтон машғул буданд. Ин кори дастаҷамъонаро масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр назорат бурда, барои бо сифати баланд иҷро гардидани кор мусоидат мекарданд. Дар воқеъ корҳое, ки дастаҷамъона ва бо қувваи бисёри оғоз меёбанд дар куттоҳтарин муддат бо сифати анҷом мешаванд. Ин аст, ки ҷойи номбурда дар маҳалаи «Ҳаёти нав» ҳоло тозаву озода гардида, оро дода шудааст,ки ин албатта маданияти баланди шаҳрдории сокинонро нишон медиҳад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар дигар гӯшаву канори шаҳр, махсусан дар даромадгоҳҳо ба ҳамин монанд ҳашарҳои умумӣ ташкил карда, ба тозаву озода намудани шаҳр машғул мебошанд.
Ёдовар мегардем, ки барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани омодагӣ ба «Наврӯз-2018» ҳамарӯза дар шаҳри Бохтар кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, сокинон ба тозаву озода намудани гирду атроф, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр машғул мебошанд. Ин ҳама баҳри он аст, ки маърифати шахрдории сокинон баландтар гардад ва Наврӯзи байналмилалӣ низ дар сатҳи зарурӣ истиқбол шавад. Чунин баргузории ҳашарҳои умумӣ идома доранд.