НАБЗИ ҚӮРҒОНТЕППА – НАБЗИ БОХТАР ШУД

      Рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» аз шумори рӯзномаҳое маҳсуб меёбад, ки дар инъикоси ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми шаҳр, дастоварду муваффақият, мушкиливу норасогӣ ва ҷамъомаду чорабиниҳо нақши созгор мегузорад.

    Усмон Билолӣ, сармуҳаррири рӯзномаи мазкур дар суҳбат гуфт, ки «Ташкилшавии ин рӯзнома таърихи худро дорад ва аз солҳои 1931 –уми асри гузашта, ташкил гардида буд. Аслан дар аввали ташкилшавӣ рӯзнома дигар номро доро буд, валекин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо номи «Набзи Қӯрғонтеппа» фаъолияти хуб намудааст. Рӯзнома мақолаҳои рангоранг, хабару гузориш, очеркҳои инъикоскунандаи ҳаёти мардуми шаҳр ва онҳоеро, ки дар шаҳр зиндагӣ ё кору фаъолият мекунанд, нашр менамояд».

     Дар рӯзномаи номбурда аз дирӯз то имрӯз рӯзноманигорони оташинқалам фаъолият бурда, мақола ва хабарҳои баландмазмунро пешниҳоди хонанда менамоянд.

    Усмон Билолӣ илова кард, ки бо иваз шудани номи Қӯрғонтеппа ба Бохтар мо низ ба низомномаи фаъолияти рӯзнома тағийрот ворид намуда, пешниҳод кардем ва имрӯз рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» бо номи «Набзи Бохтар» ба табъ мерасад. Имрӯзҳо бошад дар рӯзнома бештар маводҳоеро ба табъ расонида истодаем, ки омодагии мардуми сарбаланди шаҳри Бохтар ба Наврӯзи байналмилалиро инъикос мекунад.

   Бовари дорем, ки бо ҳамин ном ҳам, яъне «Набзи Бохтар», рӯзнома набзи ҳақиқии маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар мемонад ва маводҳои ҷолибтарину беҳтаринро пешкаши хонандаи сершумори хеш мекунад.

Миёна: 3 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.