СИТОД ОИД БА ОМОДАГӢ БА «НАВРӮЗ-2018»

    Дар толори маҷлисии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар имрӯз Ситод оид ба омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, сардори Раёсати маорифи вилоят, муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, коргардонҳо, кормандони бахши фарҳанг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулон оид ба омодагӣ ба наврӯз ширкат доштанд.

     Нахуст муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар вобаста ба вазъи имрӯзаи омодагӣ, камбудиву норасогиҳо ва иҷроиши саривақтии супоришҳо табодули афкор кард. Иброз дошт, ки барои бо сифати баланд иҷро намудани супоришҳо ва дар сатҳи хуб ба роҳ мондани омодагӣ масъулонро зарур аст, ки ҳамарӯза саривақт дар майдони варзишӣ ва ҷойҳои муайянгардида, барои назорати иҷроиши вазифаҳо бояд ҳозир шуд. Ғайр аз ин Хидирзода Махфират хусуси кори коргардон, масъулияти роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омодашавии барномаи фарҳангӣ ибрози андеша кард. Сипас дигар иштирокчиён хусуси раванди кор, норасогиҳо, омода намудани либосҳои миллӣ барои иштироккунандагони барномаи фарҳангӣ, тайёр будани ҷавононе, ки дар истиқболи Пешвои миллат ширкат мекунанд, тозаву озода намудани ҳудудҳои муайянгардида дар гӯшаву канори шаҳр ва дигар паҳлуҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 суханрони карда, фикру мулоҳизаҳои хешро барои беҳбудӣ бахшидан ба кори омодагӣ байён доштанд. Гуфта шуд, ки то рӯзи 17-уми март бояд ҳамаи омодагиҳо ба анҷом расанд ва барномаи фарҳангӣ барои пешкаш дар баргузории чорабинӣ пешниҳод карда мешавад. 

   Дар қисмати дигари Ситод назди иштирокчиён вазифаҳои махсус ба хотири ислоҳи камбудиҳои ҷойдошат гузошта шуда, барои назорати иҷроиш ва сифати баланди он муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста вобаста гардид.

Миёна: 1 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.