ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ - ЭРОДҲОИ ҶИДДӢ

      Шералӣ Қосимов, мудири бахши фарҳанги шаҳри Бохтар дар ҷаласаи назоратии раиси шаҳр баромад намуда, хусуси раванди кори бахши фарҳанг, омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ, омода намудани ҳунармандони ҷавон ва барномаи консертӣ аз ҳисоби кормандони бахши фарҳанги шаҳр, пайдо намудани ҳунармандони ҷадид ва дигар паҳлуҳои корӣ ҳарф зад.

      Раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ ва то ба имрӯз ташкил нагардидани барномаҳои шомиёнаи консертӣ дар назди Кохи Лоҳутӣ, Кохи Ватан, теппа ва дигар майдонҳои истироҳатии шаҳр эрод гирифт. Гуфта шуд, ки кормандони бахши фарҳанг бояд алакай дар ҷойҳои номбурда консертҳо ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатиро ба роҳ монда, аз омадани Наврӯз ва баҳори хуҷастапай мардумро огоҳ мекарданд.

    Баъдан раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз дар бораи кабудизоркунӣ, вазъи шиору овезаҳо, тозагии шаҳр, насби навиштаҷот ва гулшинонӣ дар даромадгоҳҳои шаҳр, ҳолати омодашавии барномаи фарҳангӣ барои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ истодагарӣ намуда, таъкидҳои қатъи намуд, ки давоми се рӯз, то санаи 15-ум ҳамаи масъалаҳои зикргардида бояд ҳаллӣ худро пайдо кунанд. Зеро ба баргузории ҷашни Наврӯз рӯзҳои башумор мондааст.

   Илова бар ин хусуси ғайриқаноатбахш будани ҳисоботҳои пешниҳод гардидаи қисмате аз ташкилоту муассиса, марказҳои хизматрасонӣ ва иҷроиши андоз аз ҳисоби даромад эродҳои ҷиддӣ гирифт. Барои ислоҳи камбудӣ ва норасогиҳо муовинон, дастгоҳ ва дигар масъулон вазифадор гардида, барои иҷро ба онҳо муҳлат дода шуд. Ҳамзамон Исмоилзода Абдуалим қайд дошт, ки раванди иҷроиши супоришҳоро бевосита худаш назорат мебарад.

Итминон меравад, ки дар ин маврид кор боз ҳам ҷонноктар мегардад.       

Миёна: 1 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.