ТАШКИЛИ МАҲФИЛИ «ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН» БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ БОХТАР

    Бахшида ба "Рӯзи матбуоти тоҷик" дар шаҳри Бохтар маҳфили «Журналистони ҷавон» ташкил гардид. Роҳбарии маҳфили мазкурро Котиби матбуоти раиси шаҳри Бохтар ба уҳда дорад. Маҳфил бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, такмил ва тарбияи журналистони наврасу ҷавон, баланд бардоштани маҳорати ҷавонон, бедор кардани завқи онҳо ба соҳаи журналистика, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ташкил гардидааст. Маҳфил ҳар ҳафта дар вақту соати муайянгардида бо иштироки аъзоёни он гузаронида мешавад. 

     Барои қабул намудани аъзоёни маҳфил аз ҳисоби хоҳишмандон ва наврасону ҷавонони фаъол миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷҳои шаҳри Бохтар озмун эълон гардид. Эълони озмуни мазкур тариқи телевизиони мустақили Бохтар давоми се рӯз пахш карда шуд. Озмун рӯзи 10.03.2018 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён аз коллеҷҳои шахр ширкат карданд.

  Аъзоёни комиссияи озмун мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Музаффар Ғаффуров, Котиби матбуоти раиси шаҳр Суҳроб Азизов ва намояндаи шуъбаи маориф Гулнора Нурова буданд. Дар озмун танҳо нафароне иштирок карда метавонистанд, ки маҳорати хуби ровигӣ, қироати шеърӣ ва тассавурот дар бораи навиштани маводи чопӣ ё иншои озодро дошта бошанд. Дар баргузории озмун наврасону ҷавонон дар назди аъзоёни комиссия маҳорати худро нишон дода, маводҳои навиштаи худро пешниҳод карданд. Агар қисмате аз иштирокчиён танҳо қироати шеърӣ намуда, маҳорати ровигии худро нишон дода бошанд, қисмати дигар дар мавзуъҳои «Омодагии шаҳри Бохтар ба Наврӯзи байналмилалӣ, Пешрафту ободонии шаҳр дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва таърихи матбуоти тоҷик» дар шакли хабару гузориш ва мақола навишта, пешниҳод карданд.

   Пас аз анҷоми озмун чанде аз иштирокчиён ба аъзогии маҳфили «Журналистони ҷавон» қабул карда шуданд.      

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.