ҲАШАРИ УМУМӢ

     Барои тозаву озода намудани гирду атрофи ташкилоту муассиса, корхонаҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар имрӯз ҳашари умумӣ ташкил гардид.

      Умуман ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар кӯчаҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ҳашари тозагиву кабудизоркунӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар баробари кормандони дигар ташкилоту муассиса ва шаҳрвандони шаҳр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар низ ҳашари умумӣ гузаронида шуд, ки дар он тамоми кормандони мақомот иштирок доштанд. Ба ҳамин монанд дар дигар гӯшаву канори шаҳр низ чунин тозакориҳо идома ёфтанд.

           Ёдовар мегардем, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ ҳамарӯза масъулон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр ба тозагиву озодагӣ ва кабудизоркунӣ машғул мешаванд.  

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.