ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАРАФИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР

   Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим сокинони шаҳрро қабул намуда, дар самти ҳал ё кӯмак баҳри бартараф кардани мушкилӣ баргузор мекунад, давоми ду моҳи охир дар қабули шаҳрвандони шаҳри Бохтар сокинони ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахшу Леваканд иштирок карда, вобаста ба мушкилиҳои хеш кӯмак металабанд ё арзу шикоят ва муроҷиат мекунанд.

    Ёдовар мегардем, ки доиман дар баргузории қабули шахрвандон раиси шаҳр оид ба масъалаи муроҷиаткардаи сокинон дастгоҳ, муовинон, роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳоро вазифадор намуда, барои иҷро назорат мебарад. Ин аст, ки то имрӯз муроҷиату дархости аксарияти шаҳрвандон ҳаллӣ худро пайдо намудааст.

   Хусусан имрӯз шаҳрвандон вобаста ба таъмин гардидан бо ҷои кори доимӣ, фаҳмидани ҳуқуқ ва вазифаҳо дар самти пардохт намудани маблағҳои ҳаққи истифодаи коммуналӣ, ҷои истиқомат, дохилшавӣ ба коллеҷҳои шаҳр ва кӯмак муроҷиат карданд. Ҳарчанд имрӯз шаҳр имконияти ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ ва ё додани хонаро надорад, лекин то имкон фароҳам омадан ба чунин шаҳрвандон дар таъмин бо ҷои мувақатӣ барои мусоидат масъулон вазифадор гардиданд. Ғайр аз ин маъюб ба хотири гирифтани нафақаи маъюбӣ дастгирӣ ёфт. Илова бар ин дар мусоидат ба дигар масъалаҳои қайдшуда, муовинон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор вобаста шуданд.

    Агар ҳафтаи гузашта сокинони ноҳияи Кӯшоёниён барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба шаҳри Бохтар муроҷиат карда бошанд, пас ин ҳафта сокинони ноҳияи Вахш барои гирифтани кӯмак муроҷиат намуданд. Ҳарчанд кӯмак ва ё мусоидат дар ҳаллӣ мушкилии шаҳрвандро мақомоти маҳали зист дорад, аммо чун барои маъбӣ кӯмак хостанд, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим шаҳрвандонро қабул кард.

   Дар охир раиси шаҳр гуфт, ки ҳар нафаре бо арзе ё шикояте ба дари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар меояд, бояд қабул кунем ва гӯш кунем то ҳаргиз мардум аз мақомоти иҷроия норозӣ набошанду донанд, ки ин мақомот ҳамеша омодаи кӯмак намуна ба мардум аст.

   Хулас аз 10 нафаре, ки дар қабули имрӯза иштирок карданд бо розигӣ ва умеди зиёд рафтанд. Зеро пас аз қабули раиси шаҳр онҳоро масъулон вохӯрда барои мусоидат дар ҳаллӣ мушкилиашон суҳбат карда, аз пушти омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима шуданд.

   Итминон меравад, ки дар ҳамин шакл ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон метавонад дар самти ҳаллӣ мушкилии шаҳрвандон, зиёдтар гаштани бовариву эътимод ва такяи онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раҳо ёфтани онҳо аз проблемаҳои дандоншикан мусоидат намояд.         

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.