КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

    Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар доир гардид. Дар он Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз раиси шаҳри Бохтар, Мирзошоҳрух Асрорӣ-  Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,  Авзалов Ғайбулло Саидович- Раиси Шӯрои куҳансолон Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоирон Меҳмон Бахтӣ,  Гулназар Келдӣ, Рудобаи Мукаррам, Хидирзода Махфират Умар – муовини раиси вилояти Хатлон, Аҳлиддин Саидмуминов- раиси Шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳри Бохтар ширкат доштанд.

   Нахуст раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим меҳмононро ба шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, оид ба ҳадафи баргузории конференсияи мазкур ибрози андеша кард. Ҳамзамон дар бораи таъриху пайдоиш, анъана ва урфу одатҳои қадимаи тоҷикон дар робита ба наврӯз, омодагии шаҳри Бохтар ба баргузории Наврӯз-2018, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд гардидани мақоми наврӯз дар сатҳи ҷаҳон ва байналмилалӣ шудани он суханронӣ намуд.

   Сипас маърӯзаҳои Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ”, Авзалов Ғайбулло Саидович, раиси Шӯрои куҳансолон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳамчун пояи асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон”, шоирон Меҳмон Бахтӣ,  Гулназар Келдӣ, Рудобаи Мукаррам  шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдат, Наврӯз, Модар, Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси вилояти Хатлон дар мавзӯи таърихи наврӯз, Аҳлиддин Саидмуминов, раиси Шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Наврӯз аз нигоҳи муаррихон” шунида шуд.

     Дар қисмати охир бошад суолу ҷавоби озоди иштирокчиён бо меҳмонон оид ба мавзӯи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ” баргузор гардид. Ҳар як ширкаткунандаи конференсия метавонист, ки ба худ маълумоти ҷолибтарину нав гирад.

 

Миёна: 3.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.