Ҷаласаи назоратии раиси шаҳри Бохтар: ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО

    Ҷаласаҳои назоратии раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим бо баррасӣ ва пайгирии масъалаҳои мубрами рӯз, вазифагузорӣ, натиҷагириҳо аз фаъолияти ҳафтаи сипаригардида баргузор мегардад. Ҳафтаи гузашта ҷаласаи назоратии раиси шаҳр бо иштироки роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассиса, корхонаҳо, раисони маҳала, имомхатибон ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида шуд. Дар он раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим дар масъалаи фаъолияти як ҳафтаинаи ташкилоту муассисаҳо, назоратҳо ва иҷроиши нақшагузорӣ, дастуру супоришҳо бо масъулини соҳаҳо суҳбат намуд.

     Хусусан масъалаи сифат ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, тоззаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, тағийр додани шиору овеза ва навиштаҷоти ташкилоту муассиса, корхона ва марказҳои хизматрасонӣ эродҳо гирифта, барои ислоҳ супоришҳои қатъи дод. Инчунин дар бораи фаъолияти гуруҳҳои корӣ назоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва натиҷаи кори онҳо табодули афкор карданд. Мавзӯи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ин омода гардидани барномаи фарҳангӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ буд. Ғайр аз ин фаъолияти ташкилоту муассисаҳои назоратӣ, иҷроиши саривақтии андоз ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлил, баррасӣ, натиҷагирӣ ва вазифагузорӣ қарор гирифтанд.                                      

     Аз ҷаласа то ҷаласаи дигари назоратӣ кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва раисони маҳала, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамаи дастуру супориш ва вазифаҳои гузоштаи раиси шаҳрро саривақтӣ иҷро мекунанд. Ин аст, ки рӯз то рӯз дар фаъолияти кори ташкилоту муассисаҳо ва пешрафту ободонии шаҳри Бохтар беҳбудӣ ба чашм мерасад.        

Миёна: 1 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.