Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои занон семинари омӯзишӣ ташкил гардид. Семинари мазкур тибқи «Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» баргузор гардид. Дар он гуруҳи корӣ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшинос» бо ҷалби коршиносони соҳа ва намояндагони прокуратура, шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» ширкат карданд.
Хусусан ин ҷо сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муқаддас Шарипова, коршиноси масъалаҳои ихтилофи мазҳабӣ Саидаҳмад Қаландаров, ҷонишини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қумриниссо Сангалиева, намояндаи прокуратураи шаҳр Ҷабборзода Алишер Сайфулло, сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар Исозода Набиҷон ва занони пешсаф, кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ширкат доштанд.
Баромадкунандагон гирди мавзӯи семинар ва ҳадафи аслии ташкил гардидани он табодули афкор карданд. Давоми рӯз иштирокчиёни семинар тавонистанд, ки вобаста ба мавзӯи интихобгардида маълумоти мукамал гирифта, донишҳои худро оид ба мавзӯи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» зиёд намоянд.