Таҳлилҳои ҳангомаҷўёна

Хабаргузории ҳангоматалаби сомонаи Парс тудей хабареро интишор намудааст, ки гўё тибқи шохиси ҷаҳонии терроризм, ки 163 кишварро мавриди баррасӣ қарор додаст, дар раддабандии хеш Тоҷикистонро дар ҷойи 74-ум гузоштааст ва дар нисбати кишварҳои дигари минтақа онро осебпазиртар унвон намудааст. Дар ин тартиб Қазоқистонро дар ҷои 75-ум, Қирғизистонро дар ҷойи 80-умва Узбекистонро дар ҷойи 132-юм нишон додаст.
    Аз маълумоти овардашуда бар меояд, ки ин маълумот  ғайримунсифона аст ва шаффофияти он таҳти суол қарор мегирад. Зеро  аввалан дар мавриди Тоҷикистон ва раддабандии он бояд ба назар гирифта мешуд, ки ин кишвар дарозтарин сарҳадотро бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дорад, ки кишвари зикршуда дар ин раддабандӣ ҷойи нахустинро ишғол мекунад. Гуруҳҳои зиёди террористие ки дар Афғонистон мустақар гардидаанд, ҳар лаҳза хатари даҳшатафканиро ба мардумони бумии Афғонистон ва таъсири онро ба кишварҳои ҳамҷавор метавонанд расонанд. Вале бо ин нигоҳ накарда Тоҷикистон тавонистааст дар баробари таҳдиду хатарҳои афзояндаи гурўҳҳои террористӣ аз Афғонистон худро эмин нигоҳ дорад. Аз тарафи дигар бояд ба ҳисоб гирифта шавад, ки Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳҳои террористиро дар солҳои 90-уми қарни гузашта аз сар гузаронидааст. Яке аз ташкилотҳои террористии даҳшатафкан бо номи ҲНИ дар ҳамин кишвар таъсис ёфта, ҳоло иддае аз фирориёни ин ҳизби терористӣ дар пайи ноамн кардани ин кишвар ҳастанд. Хушбахтона, аксари тавтеаву кушишҳои террористии ин гуруҳ аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пешгирӣ ва хунсо карда шудаанд.
    Ҳамчунин хабаргузории расонаҳои дар боло зикршуда ин ҳамаро ҳангомаҷуёна номгузорӣ намудааст, то зеҳни хонандаро дар ҳарос афканад ва Тоҷикистонро кишвари осебпазир вонамуд созад.
Масъалаи дигаре, ки шаффофияти ин маълумотро зери савол мебарад. Ин дар рада бандӣ дар ҷойи 34-ум қарор додани кишвари Россия аст, ки чандон саҳеҳ нест. Зеро мусалам аст, ки Россия бо ниҳодҳои қудративу иктишофие, ки дорад, аз аксар кишварҳои ИДМ қавитар аст ва дар мубориза алайҳи терроризми байналмиллалӣ аз шеваҳои бисёр муосир ва озмўдашуда истифода менамояд. Ҳамаи ин бозгўкунандаи онанд, ки маълумоти дар ин раддабандӣ овардашуда чандон саҳеҳ нестанд ва то ҳадде муғризона баён шудаанд. 
Эҳсони Илҳом, коршиноси умури иҷтимоӣ
 

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.