«Ҷамбасти ватанпарвар»

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни «Ватанпарвар» бо мақсади баланд бардоштани донишу маҳорат, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии наврасону ҷавонон, омода намудани ҷавонон барои адо хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.  Озмуни мазкур бахшида ба 25-солагии қушунҳои сарҳадӣ гузаронида шуд.

Ҷамбасти озмуни номбурда дар назди театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ки дар озмуни мазкур барои даври ниҳоӣ роҳхат доштанд.

Нахуст мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бьо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Музаффар Ғафуров баромад намуда, аз номи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим ҳамагонро ба муносибати 25- солагии ташкилёбии артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 солагии баровардани қушунҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афгонистон ва соли 2018 «Соли рушдит сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» табрик гуфта, дар самти пешбурди зиндагӣ ва ободии ватан муваффақият таманно намуд.

      Аз тарафи хонандагон машқҳои сафорои намоиш дода шуд. Дар раванди намоиши машқҳои сафорои айён гардид, ки хонандагон кӯшиш менамуданд то ин ки тамоми қонуну қоидахои сафороиро дар сатҳи лозима иҷро намоянд. Албатта дар ин раванд мушоҳида шуд, ки ҳамаи иштироккунандагони озмун дар дарсҳои омодагии дифоии ҳарбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст, иштироки хуб доранд ва аз нозукиҳои қадамзаниву сафорои огоҳ буда, тамринҳои зиёде намудаанд.

    Дар чорабинии мазкур бо ташаббуси мақмооти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил гардид. Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа, комисарияти ҳарбӣ ва ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, шуъбаи маориф аз ҷумлаи саҳмгузорон буданд. Умуман тамоми ҳаракатҳои иштироккунандагон аз тарафи аъзои ҳакамон баҳогузорӣ ва назорат мешуданд. Дар қисмати охири чорабинӣ муовини раиси Шӯрои собикадорони ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Қӯрғонтеппа Назаров Ёқуб баромад карда, бобати фаъолияти Шӯрои собикадорони ҷанговарони интернатсионалист, дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар, шароитҳои мусоид ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият кардани наврасону ҷавонон табодули афкор намуд.

      Сипас доварон хулосабарори намуда, ғолибони озмуни «Ватанпарвар»-ро муайян карданд.

       Хонандагони литсейи давлатии №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо нишон додани ҳунару маҳорати воло ва иҷрои дурусти ҳамаи шартҳо соҳиби «ШОҲҶОИЗА»-и озмун гардинд.

       Ҷойи якум: Литсейи физики математикии «Ориёно»-и шаҳр

       Ҷойи дуюм: Муассисаи таълимии №8-и шаҳр

       Ҷойи сеюм: Литсейи хонандагони болаёқат ва муассисаи таълимии №2-и шаҳр соҳиб шуданд. 

  Дар қисмати охир аз тарафи Шӯрои собикадорони ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмакҳои пулии ҷудогардида, ба наздикони собиқадорони маъюб ва фавтидагон пешниҳод карда шуд.

   Баргузории чорабиниҳои мазкур метавонад, ки дар самти баланд шудани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоид карда, дар омодашавии онҳо барои хизмати ҳарби таъсири худро расонад.

Миёна: 4 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.