Омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Наврӯзи соли 2018 дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад. Дар баргузории наврӯзи байналмилалии имсола иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа масъулин вобаста гардида, ҳамарӯза кор бурда истодаанд.  Имрӯз бошад ба хотири дидан намудан аз омодагӣ ва сатҳи таёрии баромадкунандагони чорабинии мазкур раиси шаҳри Қӯрғонтеппа муҳтарам Исмоилзода Абдуалим дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштирокдорони чорабинӣ ва масъулон вохури доир намуда, аз рафти омодагӣ дидан кард.

      Исмоилзода Абдуалим дар раванди дидан кардан аз ҳунару маҳорат ва омодагии иштирокчиёни чорабинӣ барои беҳтар гардидан ва ислоҳи норасогиҳо ба онҳо маслиҳату муфиду судбахш дод.

    Барои иштирок намудан дар чорабинии нарӯзӣ хонандагон, донишҷӯён ва ҳунармандони беҳтарини маркази вилояти Хатлон тариқи озмун ва баҳогузорӣ интихоб гардидаанд. Барои иҷрои як шарт ё як баромад масъулон дар ду – се вариант гуруҳҳоро омода намуда буданд ва аз миёни онҳо танҳо беҳтаринҳояшон интихоб гардида, дар чорабинӣ ҳунарнамоӣ ва баромад мекунанд.

    Рафти дидан кардан аз омодагии баромадкунандагони чорабинӣ айён гардид, ки ҳамагон дорои ҳунару маҳорати баланд мебошанд ва нафарони бо онҳо вогузоргардида, аз уҳдаи кори хеш бо хубӣ мебароянд.

     Итминон меравад, ки Наврӯзи имсола дар сатҳи олӣ истиқбол мегардад. Зеро Тоҷикистон – ватани наврӯз аст.    

Миёна: 4.8 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.