Ситод оид ба омодагӣ ба ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз, муовинон, дастгоҳ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок доштанд. Дар ситоди мазкур нақша-чорабинии омодагӣ ба ҷашни номбурда мавриди муҳокима ва вазифагузорӣ қарор гирифт. Мувофиқи нақша ҳамаи ташкилоту муассиса, соҳаҳо дар баргузории чорабинии бошукуҳи Наврӯз вобаста гардида, наздашон вазифаву уҳдадориҳо гузошта шудааст. Дар ҳақибаргузории ин Ситод метавонад, ки дар самти пурзур намудани омодагӣ ба ҷашни наврӯз мусоидат карда, барои истиқболи меҳмонон ҳамаи соҳаҳо ва сокинонро бо пуррагӣ омода намояд.
Итминон меравад, ки омодагиҳо дар асоси нақшаи пешбини гардида ба роҳ монда мешавад ва наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад.