КОНСТИТУТСИЯ ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид, ки қабл аз баргузории он иштирокдорон аз гӯшаи намоишӣ дидан карданд. Дар гӯшаи намоишӣ китобҳо ва маводҳо оид ба Конститутсия, таърихи он, қонунҳоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводҳо ба маъризи тамошо гузошта шуда буданд. Илова бар ин, тариқи доскаи электронӣ бо аксу маълумотҳо оид ба Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода мешуд.

Сипас, дар толори маҷлисии шуъбаи маориф мизи мудаввар бо иштироки мудири шуъбаи маориф, раиси ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд. Мудири шуъбаи маориф Забирова ҳамагонро ба рӯзи қабули Конститутсия табрик намуда, гуфт, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравӣ ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд. Дигар баромадкунандагон низ оид ба мавзӯи Конститутсия ва таърихӣ он табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки Дар Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Конститутсияе, ки халқи тоҷик бевосита дар ҷараёни қабули он ширкат варзид ва мустақилона онро таҳия намуд, Конститутсияи ҳоло амалкунанда ба шумор меравад. Конститутсияи соли 1994 дар таносуб аз конститутсияҳои пешин куллан фарқ мекунад, он дар натиҷаи табаддулоти куллии ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, дар худ муносибатҳои ҷамъиятӣ ва падидаҳоеро ҷой додааст, ки дар конститутсияҳои гузашта мавҷуд набуданд. Ба мисоли таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва ҳоказо. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дар атрофи тағйиру иловаҳои соли 2016 гуфтан мумкин аст, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 майи соли 2016 баргузор гардид, ба 40 банд, яъне 38 моддаи Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.