ОЗМУНИ РАССОМОНИ НАВРАС ВА МУСОБИҚАИ ДАСТХОБОНӢ

Бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар як қатор озмун ва мусобиқаҳои варзиширо миёни наврасону ҷавонон баргузор намуд.

Озмуни рассомони наврас бо ташаббуси бахши ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр доир гардид. Ҳайати ҳакамон аз котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директори мактаби санъати бачагонаи шаҳр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва намояндаи шуъбаи маориф иборат буданд. Ҳакамон ҳунару маҳорати наврасонро аз муассисаҳои таълимӣ баҳогузорӣ карданд. Иштирокчиён зебоии ватан, истиқлолият, сулҳу субот, кӯҳсори кишвар, муқаддасоти миллӣ, ҷойҳои сайёҳӣ ва амсоли инро дар расмҳо тасвир намуданд. Ғолибон муайян гардида, бо туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ғайр аз ин, ба ин муносибат якчанд мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд, ки наврасону ҷавонони шаҳр фаъолона иштирок карда, маҳорати худро нишон доданд. Аз ҷумла мусобиқаи варзишии дастхобонӣ дар варзишгоҳи ҷавонони шаҳр бо иштироки ҷавонон дар синну соли гуногун баргузор гардид. Барои баҳогузорӣ устодони варзиш ҷалб гардида буданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш мекард, ки бо истифодаи маҳорати баланди хеш ғолибиятро ба даст орад. Ба ҳамаи нозукиҳои мусобиқаи дастхобонӣ диққати ҷиддӣ дода мешуд. Маҳз нафаронеро баҳои баланд медоданд, ки қонуну қоидаҳои мусобиқаи дастхобониро риоя карда, ғолиб меоянд.

Дар мусобиқа беҳтаринҳо муайян шуданд ва бо ифтихорномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ гардиданд.

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.