Ёдовар мегардем, ки ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассиса, корхона, раисони маҳалла, имомхатибон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр гузаронида мешавад.
Ин навбат низ ҷаласаи назоратӣ мувофиқи матлаб бо гирифтани эрод нисбати камбудиву норасогиҳо ва дастуру супоришҳо барои ислоҳи камбудиҳо баргузор гардид.
Нахуст раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим аз маҷлиси ҷамбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати истиқлолияти энергетикӣ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, қарздорӣ аз барқ ва дигар масъалаҳо ёдоварӣ намуда, баҳри ислоҳи эродҳои ҷаноби олӣ супоришҳои махсус дод.
Ҳамзамон бобати иҷроиши барномаҳои давлатӣ . таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ, пура накардани чароғонкунӣ ва аломатҳои роҳ, ба танзим даровардани тамбашавии мошинҳои мусофиркашони назди бозори марказии шаҳр «Фаровон» дастури қатъи дод. Барои ҳалли батанзим даровардани мошинҳо гуруҳи кории махсус ташкил карда шуд, ки давоми ду ҳафта дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.
Супориш дода шуд, ки гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муассисаҳои таълимиро назорат бурда, камбудиву норасогиҳоро ошкор намуда, дар ҳаллашон мусоидат мекунад. Дар кутоҳтарин муддат масъалаҳои мазкур бояд ҳалли худро пайдо кунанд.