ДАСТУР БАРОИ ТАҶЛИЛИ ШОИСТАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар ҷаласаи назоратӣ ба муовинони худ, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо дастуру супориш дод. Гуфта шуд, ки барои таҷлили сазовори ҷашни мазкур аз имкониятҳои мавҷуда бояд мувофиқи матлаб истифода кард.

Дар ин асос нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар2_22.JPG тасдиқ гардид, ки баҳри дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту муассисаҳо вобаста гардиданд. Махсусан, барои омода намудани барномаи фарҳангӣ ва конпозитсияи адабӣ, омода намудани навиштаҷот ва шиору овезаҳо, оро додани кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, бо шиору овезаҳои ҷашнӣ, омода карда ва оро додани саҳни ҳавлии ҷойи баргузории чорабинӣ, таъмини тозагӣ ва ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ будани маҳалли баргузории чорабинӣ, ташкил намудани фазои идона ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ташкил намудани мизҳои мудаввар бо иштироки олимону сиёсатмадорон, таъмини маҳалли баргузории чорабинӣ бо қувваи барқ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини инъикоси ҷараёни баргузории чорабиниҳо тавасути васоити ахбори омма шахсони мутасаддӣ масъул гаштанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.