ФЕСТИВАЛИ РАССОМОНИ НАВРАС:"ХУШБАХТИИ ТОШКАНТ"

Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар фестивали байналмилалии расмҳои бачагона таҳти унвони «Хушбахтии Тошкант» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати фарҳанги вилоят, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва рассомони наврас иштирок доштанд.

Рассомони наврас маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, дар мавзӯи фестивал асарҳоиDSC_0648.JPG тасвирӣ офариданд. Аъзои ҳакамонро мутахассисони баландихтисоси соҳа ташкил медод. Онҳо ҳар як расми тасвирнамудаи иштирокчиёни фестивалро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, баҳогузорӣ менамуданд.

Дар ибтидо директори мактаби санъати бачагонаи шаҳр Фазлиддин Раҳмонзода суханронӣ карда, оид ба ҳадафи баргузории фестивал ва ҷараёни он табодули афкор кард. Мавсуф изҳор дошт, ки рассомони мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар ҳамасола дар озмуну чорабиниҳои зиёде иштирок карда, бо истифодаи маҳорати баландашон ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Махсусан дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъолона карда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд.

Дар қисмати охир ғолибон муайян шуда, бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дилдора Ҷумъаева соҳиби ҷойи аввал, Фарзона Абдурашидзода ҷойи дуюм, Сафаргул Исматуллоева ҷойи сеюмро ишғол карданд. Илова бар ин, ғолибонро бо ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардониданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.