ҚАТЪИЯТИ СУПОРИШҲО

Ҷаласаи назоратии раиси шаҳри Бохтар бо фарогирии як қатор масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳлили мушкилоти ҷойдоштаи корӣ сурат гирифт. Раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода дар ҷаласа ба масъалаҳои санҷишҳои оморӣ оид ба ворид намудани ҳисоботҳо, обунашавӣ ба рӯзноҳо, саривақт ҷавоб гардонидан ва аз рӯи иҷроиши мактубҳо назорат бурдан, то ҷашни Наврӯз – 2019 барои омода ва ба истифода додани 10 – иншоот чораандеши намудан, нуқтаҳои пастпартовҳоро назорат гузаронидан, ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тоззаю озода нигоҳ доштани назди хонаҳои баландошёна, дар иншоотҳое, ки корҳои сохтмониро оѓоз накардаанд барои бекор кардани қарорҳояшон чораандеши кардан, ба тартиб даровардани рақамгузории маҳаллаҳои шаҳр, омодагии ҷиддӣ дидан барои истиқболи ҷашнҳои дарпешистода таваҷҷуҳи ҷидди намуда, барои иҷро муовинони худ, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро супоришҳои қатъӣ дод.

        Гуфта шуд, ки бо шарофати истиқлолияти комили кишвар дар ҳама соҳаҳо пешрафт ба назар2_21.JPG мерасад ва дар самти боз ҳам ба муваффақиятҳои беҳтар расидан ҳамагон бояд кӯшиш намоем. Тозагиву ободониро аз хонаи худ, назди хона ва маҳаллаи худ бояд оѓоз бахшем ва назорат намоем. Барои босифати баланд ва саривақт иҷро кардани супориш, иҷроиши қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар аз байн бурдани камбудиву норасоиҳо бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ мебояд сайъ намуд. Илова бар ин, бобати омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор бо маҳаллаҳо дастуру супоришҳо дода шуд. Гурӯҳҳои корӣ вазифадор гардиданд, ки аз рафти фаъолият ва назоарти корҳои анҷом додашуда саривақт ҳисобот дода, барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта мусоидат намоянд то омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари бостон мувофиқи матлаб бошад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.