«ПАЁМ – ҒАМХОРИИ НАВБАТӢ»

Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардуми аз 1 январи соли 2018 фуруши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад, гуфт – Содиқ Шоҳназар роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз Паём дар вохӯрии ниҳоии гуруҳие, ки дар муассисаи таълимии хонандагони болақати шаҳри Қӯрғонтеппа бо сокинони шаҳр аз касбу кори гуногун баргузор намуданд.  Иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми хешро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва мардуми тоҷик расонида, соҳаҳо ва фаъолияти соҳаҳоро таҳлил намуда, барои пешрафт дар оянда дастуру супоришҳои махсус медиҳад. Маҳз бо истифода аз чунин таъкидҳо ва дастуру супоришу эродҳои роҳбари давлат дар самти пешбурди корҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва зиндагии ҳаррӯи хеш мо метавонем, ки муваффақ шавем.

SAM_7825.JPGДар Паём қайд гардид, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муарификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.  

   Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаи то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ қарорҳои дахлдор қабул намояд.

SAM_7840.JPGНамояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва прократура зимни баромад дар бораи таваҷҷуҳ ба шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгарову терористӣ ҳарф заданд. Гуфта шуд, ки бо бва инобат гирифтани эродҳо ва таклифу пешниҳодҳои роҳбари мамлакат дар ин масъала кормандони корҳои дохила кори худро дар ин самт ҷонноктар намуда, корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Имрӯз махсусан дар шаҳри Қӯргонтеппа бо ҷавононе, ки ба чунин гуруҳҳо пайваста буданд ва наздикону пайвандони онҳое, ки имрӯз шомили гуруҳҳои мазкуранд, корҳои фаҳмонедадиҳиро пеш бурда истодаанд, ки ин алакай натиҷаҳои худро дорад. Дар маркази вилояти Хатлон низ чун нафароне, к ибо гумроҳи ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки ин боиси ташвиши ҳамагон мебошад.

SAM_7842.JPGМуовини раиси шахри Қӯрғонтеппа Шоиста Абдуназарзода зимни баромадаш дар бораи чун раҳнамо истифода намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш сокинони шаҳр ибрози андеша кард. Роҳбари кишвар дар Паёми хеш гуфт, ки  «Ман ба қутрати созщандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоем, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф кунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё созем». Абдуназарзода илова кард, ки аз ин лиҳоз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа кӯшиш доранд, ки ба ғамхориву боварии роҳбари давлат арзанда буда, дар пешрафти мамлакат ва баландтар гаридидани мақому манзалати он дар сатҳи ҷаҳон мусоидат намоянд.

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.