«ПАЁМ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР БЕҲШАВИИ ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН»

Гурӯҳи кории таблиғотӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо роҳбарии мушовири Президенти ҶТ оид ба амнияти миллӣ Содиқ Шоҳназар сафарбар гардида, рӯзи 16-уми  январ бо сокинони маҳаллаҳои Ваҳдат 1,2,3 дар толори маҷлисии муассисаи таҳсилотьи миёнаи умумии №15 – и шаҳр вохӯрии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ доир намуданд. Гуруҳи кории мазкурро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа чун доимӣ ҳамроҳи карданд. Мақсади асосии баргузории вохӯриҳо ин шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ин сокинони фаъолияткунанда дар касбу кори гуногун ширкат намуданд. Бобати таваҷҷуҳи роҳбари оллии кишвар ба ҷавонон ва пешниди Паём ва таъсири он ба зиракии сиёсии ҷавонон табодули афкор гардид.

    Иброз гардид: « Дар Паём қайд шудааст, ки бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудем.

    SAM_7785.JPGИн иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

   Ташаббуси мазкур, инчунин барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси каноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд».  

   Шоҳназаров зимни баромадаш боё доварӣ аз Паём илова намуд, ки дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гироми доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

    SAM_7807.JPGҒамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс , ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Паём дар беҳшавии зиракии сиёсии ҷавонон таъсири баланди худро мерасонад ва онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ, нозукбинӣ ҳидоят месозад.

    Сипас хусуси дигар паҳлуҳои Паём табодули афкор намуда, дар самтҳои сифати маҳсулоти воридшаванда ба кишвар, муҳлат ва сифати доруҳо, норасогиҳои соҳаи тандурустӣ ва таҷҳизоти воридшаванда, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуруҳҳои эстремистӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълорн гардидани соли 2018, ихтирокориву пешравӣ дар соҳаи илм, баланд бардоштани фарҳанги миллии сокинони кишвар истодагарӣ намуд.

    Баъдан Шоиста Абдуназарзода муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа суханронӣ карда, дар паҳлуҳои мухталифи Паём ҳарф зад. Гуфт, ки бовари ҳаст мардуми шарафманди Қӯрғонтеппашаҳр бо истифода аз таъкидҳо дар Паём зиндагиву фаъолияти худро ба роҳ монда, ба пешрафту шукуфои ва ободониву кабудизоркунии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Сокинони шаҳр бо дарки масъулияти баланд ва илҳом гирифтан аз Паёми роҳнамои Президенти мамлакат барои истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ дида, дар ободиву кабудизоркунӣ ва тозагии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр саҳмгузорӣ доранд.

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.