Идомаи мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар ташкилоту муассиса ва корхона, инчунин кӯчаву маҳаллаҳои Қӯрғонтеппашаҳр мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо аҳолӣ баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи онҳо шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

SAM_7633.JPGБояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Содиқ Шоҳназаров намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар Паём омадааст, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст». Дар ин замина сатҳу сифати таълим бояд дар мактабҳо баланд бардошта шавад ва дар мактабҳои миёнаи умумӣ озмоишгоҳҳои фаннӣ бояд амал намоянд, то фанҳои дақиқ бо назария ва амалия чуқур омӯзонида шаванд. Бояд ҷавонон якчанд забони хориҷиро омӯзанд, то мутахассисони хуби соҳаҳои мухталиф гарданд.

   SAM_7665.JPGТавре Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид намуданд: «Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким бахшем ва самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем».

      Дар мулоқот зикр шуд, ки дар Паём сиёсати хориҷии давлат дар мадди аввал гузошта шуда, зикр гардидааст, ки «cиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи ҷумҳурӣ дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешем».

SAM_7675.JPGПаёми Пешвои миллат раҳнамои ҳаёти осоишта буда, барои зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Қӯрғонтеппа ин Паёми раҳнаморо ҳаматарафа омӯхта, сармашқи кори хеш намуда, баҳри амалӣ гардидани он кӯшиш менамоянд. Чунин вохӯриву ҷамъомадҳо имрӯз дар дигар гӯшаву канори шаҳр идома дорад.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.