Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер Виссинг мулоқот доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода Найтхарт Хёфер Виссингро ба муносибати ба тозагӣ таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои корҳои муҳим барору комёбӣ таманно кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои мубодилаи таҷриба, иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар хотимаи мулоқоти судманд ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумӯи ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ карданд.

15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.