Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи «Ғайрат» доир гардид. Дар он намояндагони гуруҳи кории таблиғотӣ оид ба шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти мамлакат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, ки ҳафтаи дуюм аст, дар маркази вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият доранд, баргузор шуд. Дар он бобати паҳлуҳои асосии Паёми роҳбари давлат баромад намуда, тамоми нуктаҳои Паёмро ба мардум шарҳ доданд. Чунин вохуриҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад.