Вокуниши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба изҳороти Вазири корҳои хориҷии Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 09.12.2020. /АМИТ “Ховар”/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба изҳороти Вазири корҳои хориҷии Амрико, ки зимни он Тоҷикистон дар радифи кишварҳои аз лиҳози озодиҳои динӣ боиси нигаронии хос дониста шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

Ҷониби Кумита ба хулосаи ин изҳорот ва гузоришҳои Депортаменти давлатии ИМА, ки дар он сатҳи кунунии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Тоҷикистон зери суол меравад, розӣ буда наметавонад. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашта низ иҳзор дошта буд, ки чунин гузоришҳо асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад ва имрӯз низ қотеъона ҳамин мавқеъро баён медорад.

Бо дарназардошти он ки гузоришҳои солонаи Депортаменти давлатии Амрико ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан бетаҳрир ва якранг интишор мешаванд, ҷониби Кумита борҳо дархост намуда буд, то як комиссияи вижа ба Тоҷикистон сафарбар шуда, бо вазъи воқеии фазои динӣ ва бурду бохти давлати мо дар ин арса шинос гардидаву дар ин замина гузоришҳои воқеӣ таҳия намояд. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият назар намоем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани мамлакати мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба созмону ниҳодҳое, ки баҳогузории вазъи фазои динии кишварҳоро самти фаъолияти худ қарор додаанд, бори дигар ҷиҳати ҳамкории мутақобила изҳори омодагӣ менамояд. Зеро ҷониби Кумита бар он бовар аст, ки роҳи расидан ба муваффақият на пешниҳоди гузоришу хулосаҳои яксамтаву ғайривоқеӣ, балки ҳамкории воқеии дуҷониба мебошад.

Сарчашма: https://khovar.tj/

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.