Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби КДАМ боздошт гардид

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон  полковник Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, «17-уми августи соли 2020, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек Бек, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд».

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Сарчашма: https://khovar.tj/2020/08/kormandi-agentii-nazorati-davlatii-moliyav-va-...

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.