ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР ИСМОИЛЗОДА А. А. БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР, 15 ИЮНИ СОЛИ 2018

Ҳамватанони  азиз!

         Шуморо ба муносибати иди саиди фитр, ки рӯзи 15 июни соли ҷорӣ фаро мерасад  табрик менамоям.

       Боиси қаноатмандӣ ва саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки халқи азизамон дар фазои сулҳу осудагӣ, ваҳдати комил ва руҳияи баланди созандагӣ зиндагӣ дорад.

       Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ имкониятҳои бузургро фароҳам овард, ки арзишҳои маънавию динӣ ва мазҳабии мо боз ҳам такомул ёфта, мардум бидуни монеа фаризаҳои динии худро амалӣ мегардонанд.

       Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид гуфтаанд, ки «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкорию қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Ин моҳи Шариф дар қалби одамон хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро бо назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад».

       Худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкориву оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ низ дар дини мубини ислом, бахусус дар моҳи Рамазон амали писандида ба шумор меравад. Аз ин сабаб  мӯъминон дар баробари ибодату тақво бояд доим ба иҷрои корҳои хайру савоб майл дошта бошанд.    

  Муҳимтарин хислати ин моҳи Шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусулмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой гирад ва тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад.

       Ислом дини ибодату тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд.

        Арзишу фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон инсонро ба роҳи ростӣ, риояи адолату баробарӣ, анҷом додани амалҳои хайру саховат, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад ва аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон гуфтаанд.

  Хотирасон менамоям, ки баъди як моҳи тоату ибодат ва рӯзадори садақаи фитри он бояд ба хона-интернатҳо, маъюбону барҷомондагон, кӯдакони ятиму бепарастор, пирони яккаву танҳо, фақирон, ниёзмандон хонаҳои бачагон ва дигар  табақаҳои эҳтиёҷманд расонида шавад.

        Итминон  дорам, ки ин кори хайру савоб аз амалҳои ҳамешагии мардуми мо ба шумор рафта, дар ин кори хайр мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпешаю ҳимматбаланд, дигар ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми мардуми вилоятамон саҳми арзанда  хоҳанд гузошт.

        Бо ҳамин ниятҳои нек, дар ин рӯзи муборак  ба ҳамаи Шумо аз даргоҳи Худованди бузург, пеш аз ҳама, тандурустиву саодати рӯзгор, оромишу осоиш, сулҳу ризоият ва хонаи ободу осударо орзу менамоям.

        Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, дӯстони азиз!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.