«ХАТЛОН» ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ БОНУВОН

Чанде пеш дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи бонувон баргузор гардид.

 Дастаи бонувони «Хатлон»-и шаҳри Бохтар   дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовиву як бозиро бо бохт анҷом дод ва бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, соҳиби медал и тилло ва ҷом гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои   «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ва "Зебо-и ноҳияи Дӯстӣ ишғол намуданд.

   Баъд аз анҷоми мусобиқа дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон”, нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи “Хатлон”, бозингари беҳтарин Худододова Некубахт аз дастаи “Зебонисо” ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи “Хатлон” дониста шуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Ташкилоти қарзии “Фурӯз” ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар чемпионати имсола 10 даста иштирок намуд, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекарданд, ки онҳо дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Барқ»-и шаҳри Норак, «Ситора»-и ноҳияи Фархор, «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритӯс, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав мебошанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ  роҳбари шуъбаи футболи бонувон Дилором Нусратуллоева, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок доштанд.

 Хадамоти матбуотии Федератсияи

футболи вилояти Хатлон

Миёна: 4 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.