ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ЗАНОНА ОҒОЗ МЕШАВАД

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакшии тақвими бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои футболи занонаи кишвар баргузор гардид.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона 10 даста - «Зебонисо» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) иштирок намуда, миёни ҳам рақобат мекунанд. Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона аз саннаи 19 апрели соли ҷорӣ оғоз меёбад, ки дар ду қисм баргузор шуда, ҳар даста дар ин мавсим 18 бозӣ мегузаронад.

Баъди натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввали чемпионат «Зебонисо» – «Хатлон», «Бешкент» – «Ҳосилот», «Панҷшер» – «Чашма», «Регар-ТадАЗ» – «Зебо» ва «Равшан» – «Барқ» бо ҳам вомехӯранд.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати мамлакат байни дастаҳои футболи занона 8 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки чемпиони соли сипаригаштаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи футболи занонаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар мебошад.

Хадамоти матбуотии Федератсияи

футболи вилояти Хатлон

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.