Саломзода Сиҷоуддин : футболи дастаи “Хатлон”-и ш. Бохтар дастгирӣ меёбад

Рӯзи 18-уми апрели соли равон бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин ва ҳайати васеи   дастаи “Хатлон”, дар толори хурди маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баъди пирӯзӣ бар дастаи “Хуҷанд”ҷаласаи шодбошӣ баргузор гардид.Раиси шаҳри Бохтар Саломзода. Сиҷоуддин   ҳайати дастаро табрику таҳният гуфта, дар бозиҳои минбаъдаи тим барору комёбиҳо  тамано кард.

         Дар вохӯрӣ Саломзода Сиҷоуддин аз   ғолибияти дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар изҳори хушнудӣ карда, ояндаи   дастаро дурахшон арзёбӣ намуд.

       Ҳамзамон, қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  омода аст, аз рӯйи имконият   дастаро ҳавасманд мегардонад.   

         Дар охири маҷлис ба тамоми узви даста маблағҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  тақдим гардид.   Ҳамзамон, аз ҷониби тими “Хатлон”  ба раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин тӯб бо имзои ҳайати даста ва як тан либоси варзишӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба ин соҳа туҳфа намуда, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Саидзода Акмалҷон

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.