Рустами Эмомалӣ - арзантдатраин ҷавон дар саҳнаи сиёсии кишвар.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти комили худ дар давраи начандони тӯлонӣ   дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, обруву эътибори хосса ба даст овард.

         Истиқлолият, Озодӣ ва Сулҳу Ваҳдат бебаҳотарин дастовард барои миллати тоҷик дар тӯли таърих мебошад. Ноёбтарин неъмати инсонӣ, кафолати рушду пешравии дилхоҳ давлат озодӣ мебошад, ки имрӯз Тоҷикистон и соҳибистиқлоли мо ин неъмати Худододиро дорост.

         Ҳамаи ин дастовардҳои бузурги миллат бо кӯшушу заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омаданош барои миллати сарбаланди худ ваъда дода буданд, ки барояшон сулҳу озодӣ меоранд. Ва дар ҳақиқат барои миллати ҷафокашидаи худ сулҳу озодӣ оварданд.

Дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонони кишвар басо назаррас буда, ҷавононро қувваи бузург, неруйи созадаву ташаббускор ва ояндаи миллату давлат муаррифи намуда онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин менамояд.  Далели ин гуфтаҳо таъин намудани яке аз ҷавонони бонангу номӯси миллат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъин гардидани Рустами Эмомали ба ин вазифаи пурмасъул масъулияти ин чавони богайрату рустамсифатро боз дучанд менамояд.

 

Рустами Эмомалӣ аз мактаби бузурги ҷавонмардӣ, нангу номус, ватандӯстию давлатсозии Пешвои миллат бо сарбаланди гузашта, имрӯз масъулияти бузурге дар давлатдории миллӣ бар душаш вогузор гардид.

 Рустами Эмомалӣ дар зиндагӣ тарбияи шахсеро гирифтааст, ки Ӯ барои ҳастӣ ва аз байн нарафтани миллати тоҷик ҷони хешро дареғ надониста  ҷавонии худро фидои ин роҳи пуршараф намудааст. Дар ҳақиқат Рустами Эмомалӣ ҷавоне арзанда дар ин вазифа буда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мисли падари бузурги худ, муҳтарам Пешвои муаззами миллат  аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул мебарояд.

 Дар тӯли фаъолияти кории худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.

Гулгулшукуфоии пойтахти кишвар - Душанбеи зебову биҳиштосо собитгари ҷасорату кордонӣ, созандаву ободкорӣ, фидоии халқу Ватан ва ояндасози миллату давлат будани Ӯст.  Душанбеи азизи мо бо роҳбарии ҷавонтарин марди сиёсат дар Тоҷикистон ранги дигареро гирифта, зебу зинаташро куллан тағйир дод ва маҳбуби ҳамаи сокинони кишвар гардид.

Дар симои Рустами Эмомалӣ ва амалҳои ногуфтаниву дастгириҳои беназири Ӯ маълум гардид, ки ҷавони кордон ва  ба ҳама кор қодир аст.

Рустами Эмомалӣ тавонист, собит созад, ки ҷавони имрӯза ҷавони доно аст, ҳамаи корро метавонад ва дар дилхоҳ вазифаи  давлатӣ низ бе мамоният фаъолият мекунад.

Бо таъин гардидани чунин ҷавони кордону ботаҷриба ва ватандӯст ба вазифаи пурмасъули давлатӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боз ҳам дурахшонтар гардида дар кутоҳтарин муддат ободу зеботар мегардад.

 

Фирдавс Ғафурзода – сокини шаҳри Норак

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.