ФАЪОЛИЯТИ СУДМАНД

Фаъолияти судмандашро ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе кулли сокинони пойтахт ва меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин шаҳри орзуҳо ташриф овардаанд, тавсифу таҳсин менамоянд. Душанбе ин маъмани орзуҳои миллионҳо нафар тоҷикони ҷаҳон рӯз аз рӯз ободу зеботар шуда, борҳо шунидаем, ки оламиён онро шаҳри гулҳо ном мебаранд. Дар радифи амалисозии садҳои лоиҳаҳои гуногун баҳри беҳбудии хизматрасонии маишӣ-фарҳангӣ ва ғайраҳо дар замони раиси шаҳррро ба уҳда доштани муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фаъолияти кули соҳаҳои пойтахт дигаргунию навовариҳои ҷадид мушоҳида мешаванд. Агар аз вазъи соҳаи таълиму тарбияи насли наврас мисол биёрем, маҳз назорати ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ ба вазъи муассисаҳои таълимӣ ва боғчаву кӯдакистонҳо буд, ки дар муддати кутоҳ мушкилиҳои мавҷуда бартараф гардида, биноҳои таълими ҳусну симои дигар пайдо кардаанд. Қобили зикр аст, ки Раиси шаҳр аз нахустин сиёсатмадороне буд, ки дар арафаи интихоботи парлумонӣ барномаи пешазинтихоботии худро оид ба номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тариқи расонаҳои хабарӣ интишор ва дастраси умум гардонид.

Мазмуну муҳтавои барномаи пешниҳоднамудаи Раиси шаҳри Душанбе тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоии маркази маъмурии кишварро дар бар гирифта буд.

Мардумписандию эҳтироми беандоза ба раъйи интихобкунандагон ва маҳбубияти халқро сазовор гардидани як сиёсатмадор аз ин нукта сарчашма мегирад, ки Рустами Эмомалӣ дар ибрози идеяву андешаҳои созандааш бештар маврид Мо мегӯяд, ки ин аз ҳамдилию ҳамовозӣ ва даъвати умум ба сарҷамъии мардум дар иҷрои ҳадфҳои пешгирифта мебошад.

Тавре, ки дар барномаи пешазинтихоботии ӯ зикр гардидааст: «Мо мақсад гузоштаем тавассути амалӣ намудани нақшаҳои бунёдкоронаю созанда, эҷоди тафаккури олии одобу фарҳанги шаҳрдорӣ, мавқеи башардӯстию сулҳхоҳона, барои ба шаҳри ободу зебо ва пешрафта табдил додани пойтахти Ватани маҳбубамон-шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешида, сокинонро барои расидан ба зиндагии шоиста равона намоем»

Бо камоли эҳтиром ва ҳамовозию пайравӣ аз ҳадафҳои пешгирифтаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, мо насли Истиқлол дар шаҳру маҳаллаҳое, ки кору зиндагӣ дорем, содиқона хизмат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди тараққиёти ҷомеаи озод ва расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузорем.

 

Волида Њакимова-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Бохтар

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.