Рустами Эмомалӣ – шахси арзанда

Дар ҳақиқат Рустами Эмомалӣ ба ин вазифаи навтаъин куллан арзандааст. Зеро ў донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, ҷавони сиёсатмадор, бо ғайрату боистеъдод, кордон ва закӣ аст.

Рустами Эмомалӣ – раиси кунунии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе аз нафароне маҳсуб меёбад, ки дар ҷодаи пешрафти мамлакат ва ободонию шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Бо раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Рустами Эмомалӣ бори дигар дастгирии сатҳи баланд нисбати ҷавонон аз тарафи Пешвои миллат исботи хоса ёфт. Дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонони кишвар басо назаррас буда, ҷавононро қувваи бузург, неруи созадаву ташаббускор ва ояндаи миллату давлат муаррифи намуда онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин менамояд.  Далели ин гуфтаҳо боз њам таъин намудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ба ин вазифаи пурмасъул масъулияти ин љавони боғайрату рустамсифатро боз дучанд менамояд.

Рустами Эмомалӣ аз мактаби бузурги ҷавонмардӣ, нангу номус, ватандӯстию давлатсозии Пешвои миллат бо сарбаланди гузашта, имрӯз масъулияти бузурге дар давлатдории миллӣ бар душаш вогузор гардид. Рустами Эмомалӣ  тӯли фаъолияти кории худ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Гулгулшукуфоии пойтахти кишвар — Душанбеи зебову биҳиштосо собитгари ҷасорату кордонӣ, созандаву ободкорӣ, фидоии халқу Ватан ва ояндасози миллату давлат будани Ӯст.  Душанбеи азизи мо бо роҳбарии ҷавонтарин марди сиёсат дар Тоҷикистон ранги дигареро гирифта, зебу зинаташро куллан тағйир дод ва маҳбуби ҳамаи сокинони кишвар гардид.

Рустами Эмомалӣ тавонист собит созад, ки ҷавони имрӯза ҷавони доно аст, ҳамаи корро метавонад ва дар дилхоҳ вазифаи давлатӣ низ бе мамоният фаъолият мекунад.

Бо таъин гардидани чунин ҷавони кордону ботаҷриба ва ватандӯст ба вазифаи пурмасъули давлатӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боз ҳам дурахшонтар гардида дар кутоҳтарин муддат ободу зеботар мегардад.

        Итминон меравад, ки Рустами Эмомалӣ боз ҳам бо нерӯи тоза дар самти пешрафти кори ватан, ободонию гулгулшукуфоии он, баланд бардоштани парчами давлатии Тоҷикистон миёни дигар давлатҳо саҳми арзандаи худро мегузорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.